12 ноябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ташаббусҳои Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли он муттаҳид менамоянд

62
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи «Раванди оби Душанбе» давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли он муттаҳид менамоянд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз доштанд.

Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки моҳи марти соли 2023 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди баргузории Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд гардид, ки он дар рӯзномаи ҷаҳонии об саҳифаи нав боз кард.

«Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддӣ ба бор овард, — таъкид намуданд Президенти мамлакат. — Яъне, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим муттаҳид созем».

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки амалу иқдоми имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нест, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво