6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер: «Мо татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун»-ро ҷонибдорӣ менамоем»

575
«Бонки исломии рушд лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дастгирӣ менамояд», — таъкид намуд имрӯз пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имконияти мулоқот ва баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд изҳори сипос намуд.

Дар мулоқот оид ба таърихи тайкардаи Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодӣ маълумоти муфассал манзур ва бобати афзалияти мамлакат барои оянда низ фикру мунозираҳо гуфта шуданд.

«Бонки исломии рушд давоми солҳои зиёд бо Тоҷикистон ҳамкории хеле зич ва судманд дорад. Ин ҳамкорӣ бештар аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. – Мо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ қаноатманд мебошем. Яке аз лоиҳаҳое, ки имрӯзҳо мавриди баррасии тарафайн қарор дорад, ин лоиҳаи дастгирии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Бонки исломии рушд тасмим гирифтааст, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад шартнома ба имзо расонад»,- таъкид намуд Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер.

Гуфта шуд, маблағҳое, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон ҷудо гардидаанд, ба соҳаҳои энергетика, маориф, саноату кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар самтҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат равона гардидаанд.

«Мо итминон дорем, ки ҳамкории кунунӣ тавсеа ёфта, барои дигар алоқамандон ва маблағгузорон ҳамчун даъват хизмат менамояд», — гуфт дар анҷом Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво