16 июл 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаҳри Турсунзода гулзор гардидааст

155
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаҳри Турсунзода гулзор гардидааст Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати дучанд идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои хуб пешвоз гирифтани меҳмонони дохилию хориҷӣ дар ин рӯзҳои таърихӣ омодагиҳои ҳамаҷониба мебинанд.

Хушбахтона, имрӯзҳо баробари ба шаҳри Турсунзода ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, шукуфаҳои Боғи марказии шаҳр, ободонии фароғатҷойҳо, ошхонаҳои замонавӣ, майдончаҳои солимгардонӣ, рангобарангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас руҳу илҳоми тоза гирифта, худро дар дунёи афсонавӣ эҳсос мекунад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам намудааст.

Тавре сардори Муассисаи манзилию коммуналии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Соҳибдавлат Назаров иттилоъ дод, имсол дар кӯчаҳои И Сомонӣ, С Айнӣ, МСА Ҳамадонӣ, М. Турсунзодаи маркази шаҳр ва дар гулдонҳои шафати роҳҳою манзараҳои маркази шаҳр 82 ҳазору 502 бех гулҳои гуногунранги бунафшаю садбарг ва зиёда аз 220 бех дарахтони ороишӣ шинонда шуданд, ки имрӯзҳо ба ҳусни шаҳри Турсунзода зебу зинати тоза бахшидаанд.

Ҳамчунин барои таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳолӣ дар маркази шаҳр зиёда аз 490 метри мураббаъ шиору овезаҳо ва аксҳои Пешвои миллат, Парчами давлатӣ насб намудаанд. Соҳибдавлат Назаров гуфт, ки дар 4 моҳи имсол дар гармхонаҳои муассиса 50 ҳазор гулҳои гуногун корида шудаанд.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имрӯзҳо дар маркази шаҳри Турсунзода майдончаи бозии кӯдакон ба истифода дода шуда, сохтмони майдони варзишӣ идома дорад. Мояи ифтихор аст, ки сокинони шаҳри Турсунзода дар шанбегию ҳашарҳои умумӣ фаъолона иштирок намуда, шаҳрро ба истиқболи меҳмонон пурра омода менамоянд.

Дар зер аксҳо аз шаҳри Турсунзода манзур мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво