16 июл 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Файзобод офатҳои табиӣ бартараф карда мешаванд

48
Дар натиҷаи боришоти зиёди рӯзҳои охир дар баъзе мавзеъҳо селу ярч фаромада, ба хоҷагии халқи ноҳияи Файзобод хисорот расонид. Ба ин хотир гурӯҳи корӣ ба ҳар деҳа рафта, аз ҳоли мардум огоҳ шуд ва бо онҳо суҳбатҳо гузаронид. Инчунин роҳбарияти ноҳия бо ҷараёни корҳои бартарафсозӣ ва сохтмон дар мавзеъҳои зарардида шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабар медиҳад.

Раиси ноҳия ба мардуми зарардида иброз намуд, ки бартарафкунии офатҳои табиӣ ва расонидани ёрии саривақтӣ ба зарардидагон таҳти назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар баъзе ҷамоатҳо бештар пулҳои мошингузар ва роҳу маҳаллаҳо зарар дидаанд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ватандӯсти ноҳия пайомадҳои офати табиӣ дар бештари минтақаҳои зарардида бартараф гардид.

Ҳоло бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ корҳои бартарафкунии офат дар бархе минтақаҳои зарардида идома дошта, ҳамчунин дар мавзеъҳои осебпазир корҳои соҳилбандӣ ва тоза намудани каналу дарёҳо давом дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво