30 май 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри пешгирии офатҳои табиӣ соҳили дарёҳо мустаҳкам карда мешавад

110
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри пешгирии офатҳои табиӣ соҳили дарёҳо мустаҳкам карда мешавадБо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар мавзеъҳои хавфноки минтақа ҳашарҳо гузаронида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Зимни ин ҳашарҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани сойҳо аз партовҳо, баровардани сангу шағал ва шинонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ дар ҷойҳои хавфнок анҷом дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҷойҳои муайянгардида бо ҷалби қувва ва техникаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб корҳо вусъати тоза гирифтаанд.

АКС: Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво