30 май 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 4 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд мешаванд

55
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 4 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд мешавандСоли 2024 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Муъминобод 4 муассисаи замонавӣ ва дар назди мактабҳо синфхонаҳои иловагӣ бо шароити зарурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сариқтисодчии шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Дилшод Гиёев иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ дар деҳаи Сангдара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои 240 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳин сохтмони мактаб ва дар деҳаи Навбаҳор сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дар арафаи анҷом қарор доранд. Дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Муъминобод сохтмони гимназия идома дорад.

Ҳоло дар ноҳияи Муъминобод 59 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 гимназия, 1 мактаб-интернат, 4 муассисаи томактабӣ ва 8 муассисаи асосӣ фаъолият менамоянд. Дар онҳо 22 ҳазору 506 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1542 омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво