16 июн 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия

66
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво