18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мегардад

93
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2024 Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2023 бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Ниммарафони XIII байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доранд, аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари Ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво