16 июл 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026»

89
Соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушд ёфта истодааст.

Ҷиҳати рушд ва роҳандозии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд.

Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ташаккул, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, бахусус барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ гардид.

Дар ин давра дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуд.

Дар робита ба ин ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» қабул гардид.

Ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон равона карда шуда, дар арафаи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳунармандон туҳфаи арзанда ва муносиб ба ҳисоб меравад.

Тибқи қарори мазкур дар солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода шуда, ҳар як грант дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ мебошад, аз ҷумла:

— дар соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

— дар соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

— дар соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.

Бо мақсади амалисозии босифат ва шаффофи қарори мазкур дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи босалоҳият таъсис дода аз ҷониби Комиссияи мазкур грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво