7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳлилу баррасии санади раҳнамунсоз

48
Санаи 25 январ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омӯзиши Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад баргузор гардид.
Таҳлилу баррасии санади раҳнамунсоз

Дар ҳамоиши якҷояи кормандони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ва Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба омӯзиши Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар асоси дастури Роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, роҳбарият ва кормандони Кумита, Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода ва сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо ширкат варзида, перомуни муҳимияти ин санади раҳнамунсози барномавӣ изҳори андеша карданд. Зимни суханрониҳо нотиқон иброз доштанд, ки Паёми солона ба мақоми олии қонунбарори кишвар ҳамчун ҳуҷҷати фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳоро дар бар гирифт.Таҳлилу баррасии санади раҳнамунсоз
Зимнан ҳамин барномаи стратегӣ рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки зарфиятҳои мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиётро ба нақша гирифта, ҷиҳати фаъолияти бонизоми минбаъдаи ҳамаи бахшу соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таҳлилу баррасии санади раҳнамунсоз

Рушд додани неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи он Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 аз мавзӯъҳои дигаре буданд, ки баромадкунандагон атрофи онҳо ибрози андеша карданд. Тазаккур дода шуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва муттаҳиддии миллат имкон мавҷуд аст, ки ҳамаи нишондодҳои Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ сифатан хуб амалӣ гарданд ва ҳаёти хуррамона барои ҳар сокини Ватани маҳбуб таъмин шавад.
З.Каримзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво