19 сентябр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мавсими ниҳолшинонӣ расид

67
Кабузиркуниву шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз дар пойтахти мамлакат бо хусусияти оммавӣ ҷараёни тоза касб мекунад. Дар ҳамин замина роҳбарият ва кормандони сохторҳои зертобеи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар партави ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонию зебоӣ ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат талош менамоянд. Дар интиҳои ҳафта бо иштироки масъулину кормандон, зимни баргузории ҳашари умумӣ дар ҳудуди ин сохтори давлатӣ ниҳолу дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.Мавсими  ниҳолшинонӣ расид
Роҳбарият ва кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷро намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигаҳдории муҳити атроф”, ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҳашари ниҳолшинониву тозакорӣ ва гулпӯш кардани минтақаҳои вобасташуда дар кӯчаи Ҳусейнзодаву атрофи Боғи фарҳангӣ -фароғатии Куруши Кабир баромаданд. Дар рӯзи истироҳатии ин ҳафта ҷомеаи меҳнатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ки аз кормандони сохторҳои зертобеъ ибрат буданд, сарҷмъона дар ин маъракаи хуррамгардонӣ иштирок варзиданд.
Мавсими  ниҳолшинонӣ расид
Бояд гуфт, ки сабзу хуррамгардонӣ, зебою ободсозии маҳали зист, атрофи корхонаву муассиса, кӯчаю маҳала ва шаҳру деҳот аз амалҳои нек ба ҳисоб рафта, он марҳила ба марҳила хусусияти оммавӣ касб мекунад. Имрӯз ин анъанаи ибратбахш таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дошта, намунаи олии онро метавон дар талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободонию зебоӣ, сабзу хуррамгардонии Пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе бараъло мушоҳида кард.Мавсими  ниҳолшинонӣ расид
Бо шинонидани теъдоди дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳо ташаббусҳои дастҷамъӣ дар ин гӯша, ки яке аз маҳалҳои истироҳатии сокинони пойтахту макони гаштугузори меҳмонони шаҳри Душанбест, ба анҷом нарасида, нигоҳубини доимии онҳо давоми сол масъулияти ҳамаи кормандони ин сохтор хоҳад буд. Аз ин рӯ ҳар ҳафта рӯзи шанбе гирду атрофи биноҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он тавассути ин гуна ҳашарҳои дастҷамъона тозаву озода гардонида шуда, нигоҳубини дарахтони ороишӣ, ки бисёрсола буда, расидагии махсусро тақозо мекунад, дуруст ба роҳ монда хоҳад шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво