23 феврал 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Машварати кории муштарак байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Россия

78
Санаи 7 феврали соли 2024 машварати кории муштарак байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва-и Федератсияи Россия вобаста ба баррасии харитаи роҳ доир ба таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои муайяннамудаи Ёддошти тафоҳуми, ки санаи 20 октябри соли 2023 байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Россия ва Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Россия ба имзо расидааст, доир гардид.Машварати кории муштарак байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Дар кори ҷаласа аз ҷониби Федератсияи Россия намояндагони Корпоратсияи давлатии «Росатом» таҳти роҳбарии директори Департаменти сармояи асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии «Росатом» - Сахаров Г.В., бо ҳайати сармутахассиси қисми назорати сохтмони иншооти хориҷии шуъбаи таҳлилӣ – Ҷаҳонгирова Т.Д., директори Генералии Ассотсиатсияи миллии машваратчӣ-муҳандисон дар сохтмон (НАИКС) – Кубанская О.О., муовини директори генералӣ, сардори раёсати байналмилалию ҳуқуқии Ассотсиатсияи миллии машваратчӣ-муҳандисон дар сохтмон (НАИКС) – Чекан Е.В., роҳбари лоиҳаи Ассотсиатсияи миллии машваратчи-муҳандисон дар сохтмон (НАИКС) – Долгополова В.А., таҳиягар ва устоди барномаҳои таълимии Ассотсиатсияи миллии машваратчи-муҳандисон дар сохтмон (НАИКС) – Давыдов А.Е. ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва-и Федератсияи Россия Галишникова В.В. иштирок доштанд.
Машварати кории муштарак байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Россия
Масъалаҳои баррасигардида бо роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ сурат гирифт ва ҳамзамон дар муҳокимаи масъалаҳои пешниҳодшуда сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, намояндагони маркази барномаҳои байналмиллалии “Дурахшандагон”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ширкат варзиданд.
Директори Департаменти сармояи асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии «Росатом» - Сахаров Геннадий Станиславович доир ба самтҳои ҳамкорӣ суханронӣ намуда, номгӯйи чорабиниҳои ҳамкориро барои ворид намудан ба лоиҳаи харитаи роҳ оид ба таҳкими ҳамкорӣ доири масъалаҳои муайяннамудаи Ёддошти тафоҳум, пешниҳод намуд.Машварати кории муштарак байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Директори Генералии Ассотсиатсияи миллии машваратчӣ-муҳандисон дар сохтмон (НАИКС) – Кубанская Ольга Олеговна доири масъалаи барномаи омӯзишии миллии технологияҳои иттилоотӣ ва моделсозӣ дар асоси контенти buildingSMART изҳори андеша намуд.
Дар рафти ҷаласаҳои корӣ илова ба масъалаи харитаи роҳ доир ба таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои муайяннамудаи Ёддошти тафоҳум, инчунин масъалаҳои таъсиси маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисон дар заминаи Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва-и Федератсияи Россия баррасӣ гардиданд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳо, лоиҳаи харитаи роҳ доир ба таҳкими ҳамкорӣ омода гардид. Ҷонибҳо масъалаи таъсиси маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуданд ва ҷиҳати амалишавии иқдоми мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба масъулини Кумита оиди ҳамкорӣ бо мутахассисони Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Россия дастур дода шуд.
Машварати кории муштарак байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Россия
Муовини ректори Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва-и Федератсияи Россия Галишникова Вера Владимировна ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос, аз ҳисоби довталабони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуданд. Пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ масъалаи таъсиси институти шабакавии Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва-и Федератсияи Россия баррасӣ карда шавад. Дар барраси масъала намояндаи маркази барномаҳои байналмиллалии “Дурахшандагон”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тартиби ба таълим фаро гирифтани довталабони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ суханронӣ намуд. Дар масъалаи мазкур, ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти таълим ва баланд бардоштани касабияти мутахассисон омодагии худро изҳор доштанд.

Дар фарҷоми вохурӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба Директори Департаменти сармояи асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии «Росатом» - Сахаров Геннадий Станиславович, Директори Генералии Ассотсиатсияи миллии машваратчӣ-муҳандисон дар сохтмон (НАИКС) – Кубанская Ольга Олеговна, муовини ректори Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва-и Федератсияи Россия Галишникова Вера Владимировна ва дигар ҳайати иштирокчиёни ҷаласа аз Федератсияи Россия миннатдории худро барои ҳамкории судманд, баён намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво