28 феврал 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Н. Мирзозода: Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст

83
Имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир намуд. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуд. Ў қайд намуд, ки барои таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар талаботҳои қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ, инчунин ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он, сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои сохтмонию истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият дар ин муддат кӯшиши бештар ба харҷ дода, барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Н. Мирзозода: Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Кумита оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, барои таъмин намудани риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон ва минбаъд бунёд намудани биноҳои истиқоматии баландошёна дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд,- гуфт Н. Мирзозода.
-Соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад.
Н. Мирзозода: Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон, боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин ташаккули механизмҳои нави ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ ва бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда дар рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025) таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №203 тасдиқ гардидааст.
Н. Мирзозода: Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Дар Стратегия мақсад ва афзалиятҳои рушд, самтҳои асосӣ, вазифа ва механизмҳои ислоҳоти соҳаи сохтмон барои давраи то соли 2030 дар асоси омӯзиши таҷрибаи беҳтарин дигаргунсозиҳои сохтори соҳаи сохтмони кишварҳои хориҷӣ ва тамоюли ҷаҳонии рушди фаъолияти шаҳрсозӣ муайян карда шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии «Муҳити дастрас барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №52 қабул карда шудааст, нақшаи чорабиниҳои Кумита таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар ин замина, вобаста ба иҷрои Барнома бо дарназардошти ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳои масъул вобаста ба корҳои иҷрошуда, Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Ба иттилои Раиси Кумита дар соли 2023 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 19 миллиарду 859 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2022 22,5% зиёд истифода шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 1 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ (нисбати соли 2022 2,1% зиёд) хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Моҳҳои январ-декабри соли 2023 фондҳои асосӣ ба маблағи 5 миллиарду 864 миллиону 100 ҳазор сомонӣ (нисбати соли 2022 8% зиёд) ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 17 миллиарду 958 миллиону 70 ҳазор сомониро (нисбати соли 2022 27,7% зиёд) ташкил дод.
Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумита дар соли 2023 ба маблағи беш аз 37 миллион сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 104 фоизи соли гузаштаро ташкил намуд.
Раиси Кумита зикр намуд, ки Кумита баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда, баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ, таҳти назорати қатъӣ қарор додани сатҳу сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифат дар сохтмонҳои кишвар, таъмин намудани амалишавии муқаррароти Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо инобати минбаъд дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бунёд намудани биноҳои баландошёна, таъмини шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтори муҳандисӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, зери иҷро қарор додааст.
Н. Мирзозода: Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Кумита ҷиҳати дар муҳлатҳои муқаррарнамуда таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини зилзилатобоварии бинову иншоотҳо, барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия таъсис дод.
Санаи 26 декабри соли 2023 нахуст санҷиши мехсутуну асосҳои бинои истиқоматии баландошёна воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Сохтмони Осиёи Марказӣ” иҷро мегардад гузаронида шуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади тарбияи кадрҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст бо фармоиши Раиси Кумита аз 26 майи соли 2023, бо мақсади тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, баланд бардоштани донишҳои касбӣ, таҷриба, мувофиқат ба талаботи тахассусии вазифаҳои ишғолшаванда, сифатҳои кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, самараи фаъолият, қобилияти идоракунӣ, амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузории шаҳрсозӣ ва ҷалби мутахассисон ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон 25 нафар мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита ба такмили ихтисос дар Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»-и Кумита фаро гирифта шуда, бо сертификати курсҳои такмили ихтисос таъмин карда шуданд.
Кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани бинову иншоотҳои ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирифташуда, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои иншоотҳо, инчунин дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон чораҷӯӣ намуда истодааст.
Н. Мирзозода: Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Тибқи маълумоти оморӣ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Айни замон 10071 (35,5%) иншоот ба истифода супорида шуда, дар 7946 (28%) иншоот корҳо идома доранд ва дар 10367 (36,5%) иншоот корҳо то ҳол оғоз нагардидаанд.
Вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парламент ва маҷмӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт Н.Мирзозодп қайд намуд, ки Кумита бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда, маълум менамояд, ки айни замон амалисозии лоиҳаҳои сохтмони “Бинои нави Парламенти Тоҷикистон” ва “Бинои маҷмӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад.
8 июни соли равон дар доираи сафари давлатии Амири Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор» ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур ба амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ нигаронида шуда, барои омода намудани лоиҳаҳои муштарак, нақшаҳо ва ҷорӣ кардани дастовардҳои илмиву техникӣ дар соҳаи меъморию сохтмон ва инфрасохтор заминаҳои ҳуқуқии муносиб фароҳам меорад.
Рӯзҳои 17-20 октябри соли 2023 ҳайати Тоҷикистон ҳайати мутахассисони Кумита дар Чемпионати ⅠⅠⅠ байналмилалии сохтмонӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат варзиданд. Санаи 20 октябри соли 2023, байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Россия ва Корпоратсияи давлатии нерӯи атомӣ “Росатом”-и Федератсияи Россия, бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Аз ҷониби Корпоратсияи давлатӣ оид ба энергияи атомӣ “Росатом”-и Федератсияи Россия лоиҳаи омузиши мақсаднок аз ҷудо намудани 50 (панҷоҳ) ҷои буҷети барои таълимгирандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва бо ихтисоси бакалавриат пешниҳод гардид.
Н. Мирзозода: Ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28348 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Санаҳои 6-8 феврали соли 2024 сафари ҳайати Корпоратсияи давлатӣ оид ба энергияи атомӣ “Росатом”-и Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии харитаи роҳ ҷиҳати тадбиқи Ёддошти тафоҳуми баимзорасида ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ дар нақша мебошад.
Айни замон ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон лоиҳаҳои санадҳои дахлдор дар раванди баррасӣ қарор доранд.
Кумита ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 чораҷуи намуда пардохти ҳаққи хизматрасониҳои соҳаро, ки дар низоми Кумита қарор доранд, пурра ба таври ғайринақдӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо тариқи электронӣ тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ бидуни таҳвили шакли коғазии он ба роҳ мондааст.

Раиси Кумита қайд намуд, ки дар баробари пешравиҳо дар соҳа камбудиҳо низ ҷой доранд, ки Кумита барои ислоҳи онҳо чораҷӯӣ намуда истодааст. Чӣ тавре, ки дар боло қайд намудам Стратегияи рушди соҳаи сохтмон қабул гардид, ки яке аз мақсадҳои асосии он ин муайян кардани самтҳои асосии рушди соҳа ва роҳҳои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мебошад.
Кумита барои рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, баланд бардоштани сатҳи меъмории миллӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави замонавӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва бо сатҳу сифати баланд бунёд намудани бино ва иншоот дар назди худ як қатор вазифаҳоро банақша гирифтааст ва ҷиҳати амалӣ намудани онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Баъд аз шунидани ҳисоботи Раиси Кумита рӯзноманигорон ба саволҳои сершумори худ аз ҷониби Раиси Кумита ва кормандони масъули соҳа ҷавобҳои муҳаххас гирифтанд. Сипас, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба як гурӯҳ рӯзноманигорон барои ҳамкориҳои пурсамар ва саҳми босазою арзанда гузоштан дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин иттилооти саривақтии соҳаи сохтмон в меъморӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво