25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Паём- дастури амал

33
Санаи 17 январи соли 2024 дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад доир гардид.
Дар ҷамъомад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидзода Фозил Саид, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.
Ҷамъомадро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ намуда, ташрифи меҳмонро ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуд. Паём- дастури амал
Нахуст вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидзода Фозил Саид оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат, ки рӯзи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, сухан намуда, аз бунёдкориҳо ва пешрафти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, инчунин, нақши маориф дар рушди давлатдории миллӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва забономӯзии насли ҷавонон ёдовар шуд.  Паём- дастури амал
Инчунин иброз доштанд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо, аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва дигарҳо иборат мебошад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст.
 Паём- дастури амалСипас, Раиси Кумита Низом Мирзозода дар бораи моҳияти равандҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, баромад намуда, зикр доштанд, ки ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.
Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.
Масъалаи дигаре, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб карда истодааст, ин масъалаи “Энергияи сабз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар Паёми навбатии худ баён намуданд, ки Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Паём- дастури амал
Ҳамзамон Раиси Кумита тамоми паҳлуҳои дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҳар як кормандони соҳаи сохтмон, ҳамчун дастур барои таъмини он баҳри зиндагии осоишта, ҳидоятҳо намуданд.
Инчунин мавсуф зикр намуданд, ки сохтмончиён ва меъморони кишвар дар пайравӣ аз кору пайкори созандаи Пешвои муаззами миллат дар бунёди бинову иншооти муосири мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо тарҳу услуби хоси миллӣ дар қаламрави кишвар аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Раванди созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷуда барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон пайваста ҳадафи асосии мо сохтмончиён қарор хоҳад гирифт.
Мо кормандони соҳаи сохтмон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, сармашқи кори худ намуда, баҳри таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ медиҳем.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво