14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон СММ ва дигар давлатҳои аъзоро барои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм даъват намуд

76
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) «Брифинги сатҳи баланд оид ба барнома ва лоиҳаҳои Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар Осиёи Марказӣ – дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда» баргузор гардид, ки дар он Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм, Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шурои Амнияти СММ ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ бо мақсади баррасии таҳдидҳои кунунӣ ва пайдошаванда дар самти мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ ва муаррифии дастовардҳои асосии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт танзим гардид.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат аҳаммияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳои минтақавӣ ва миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароиро иброз намуд.

Ҷонибек Ҳикмат ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои аъзоро барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар чаҳорчӯби раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво