13 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин варзишгоҳ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад

225
Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони варзишгоҳ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин хусус мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Қурбон Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Варзишгоҳ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ сохта шуда, масоҳати умумии заминаш 5 гектарро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Қурбон Нуралиев изҳор дошт, ки дар баробари сохтмони варзишгоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои нави Маркази ҷавонон, Маҷмааи модар ва кӯдак барои 60 кат, муҷассамаи нависанда Шамсиддини Шоҳин дар маркази ноҳия, инчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Тудани ҷамоати Шурообод барои 720 хонанда сохта мешаванд. Дар назар аст, ки ин иншоот соли 2024 ба истифода дода шаванд.

Ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди 216 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2023 дар ноҳия 67 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки яке аз он корхонаи коркарди хишти пухта мебошад. Дар ин корхона 50 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво