13 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот намуданд

56
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки «Диёри Душанбе» ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид.

Татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо назардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии мамлакат ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво