14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва Раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуданд

52
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва Раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат масоили ҳамкорӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду давлат баррасӣ шуд.

Баргузории Форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси «Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ» омили муҳими густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша намуданд.

Дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳо саҳми босазо мегузоранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво