13 сентябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Ҷопон Нарухито барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

133
3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Ҷопон муҳтарам Нарухито барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари заминларзаи шадид дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ гардидааст, муҷиби андуҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷопон ва пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво