13 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАЪВАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ВАҲДАТ: «Касе гуфта наметавонад, ки баъди як рӯз ё як соат вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна мешавад»

42
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар робита ба вазъияти пуршиддат ва тағйирёбандаи ҷаҳони муосир бисёр таъкидҳои муҳим садо доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба авзои тағйирёбандаи ҷаҳони муосир таъкид намуданд, ки «вазъияти дунёи имрӯза ба дараҷае пуршиддат аст, ки роҳбари ягон давлат наметавонад бигӯяд, ки баъди як рӯз ё як соат вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна мешавад. Аз ин рӯ ҳолати имрӯза аз мо зиракии баланди сиёсӣ ва ҳушёрӣ талаб менамояд».

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии давлатамон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Бо дахли ин мавзуъ бояд гуфт, ки дар ҷаҳони ҳозира, дар тамаддуни имрӯзии дунёи бисёр мураккабу пуртазоду ноором, ки ҳеҷ давлате ба ғайр аз неруву иқтидор ва ваҳдати мардуми худ кафолати дигар надорад, ин падида-ватандӯстӣ, ягонагӣ, дӯст доштани сарзамин, обу хок, пос доштани эҳтироми якдигар, пешгирии гумроҳӣ, иғвогарӣ барои миллати мо бисёр муҳиму арзишнок мебошад.

Яъне, Пешвои миллати мо, Ҳукумати Тоҷикистон тавонистанд чунин сиёсатеро пеш гирифтаву амалӣ созанд, ки миллати моро ба ин нуқтаи олӣ, ба ягонагии халқу миллат расонад.

Дар чунин вазъият мо бояд аз пештара ҳам бештар сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дучанд меҳнат намоем ва ба халқу давлат содиқу вафодор бошем.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво