19 сентябр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Тсинвэй мулоқот намуданд

135
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжан Тсинвэй, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи баланди миёни давлатҳои мо маҳсуб меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи августи соли равон сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бобарору судманд анҷом ёфт.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои судманди байни Тоҷикистону Чин робитаҳои доимии сиёсӣ, муколамаи мунтазам ва боэътимоди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин заминаи воқеӣ гузоштаанд.

Иброз гардид, ки дар маҷмӯи робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми афзалиятноку хосса дошта, мо ба рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳоямон бо кишвари дӯсти Чин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.

Тоҷикистон ва Чин натанҳо ҷумҳуриҳои ҳамҷавор, инчунин тамаддунофару соҳибфарҳанг ва шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд.

Имрӯз парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни давлатҳо нақши муҳим доранд ва равобити байни ҷумҳуриҳоро мукаммал мегардонанд. Дар ин замина, ҷонибдорӣ аз тақвияти робитаҳо бо Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз гардид.



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво