13 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Левакант корхонаҳои пахтатозакунии «Суҳробҷон» ва «Пахтаи Левакант» ба кор шуруъ намуданд

75
14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ду корхонаи пахтатозакунӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суҳробҷон» ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ таҷҳизот барои навсозӣ аз давлати Чин харидорӣ намуда, дар он 14 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Левакант» бошад, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ таҷҳизот барои навсозӣ аз давлати Чин харидорӣ намудааст.

Ҳоло корхонаи мазкур 20 тонна пахта қабул намуда, дар он 6 нафар сокинон ба ҷои кор таъмин гардидаанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисон баҳои баланд дод.

АКС: Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво