Имруз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.![]() ![]() Чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ намуд. Сипас Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабинии тантанавиро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ташрифи ҳозиринро хайрамақдам намуданд. Дар чорабинӣ Ходими шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, раиси ассотсиатсияи энергетикони Тоҷикистон Мусоева Рафиқа Ғаниевна оиди дигаргуниҳои таърихие, ки бо ташаббус ва роҳбарию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон амалӣ гаштааст, суханронӣ намуданд. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ зимни баромади худ қайд намуданд, ки миллати тоҷик дар масири беш аз се даҳсолаи Истиқлоли давлатии худ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти давлатдорӣ корҳоеро ба сомон расонид, ки барои бархе аз халқу миллатҳо анҷоми ин корҳо дар тули садсолаҳо имкон надодааст. Аз ин ҷост, ки дар таърихи давлатдории навини кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари соҳибмактаб, арбоби давлатӣ, балки чун Пешвои ҳақиқии миллат эътироф гардидаанд. Дар чунин вазъият, танҳо сарварони дорои истеъдоди фавқулода метавонанд масъулияти давлат ва мардуми онро ба дӯш бигиранд ва киштии давлатдориро дар шароити тӯфони пурдаҳшат ба соҳили умед расонанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш мегиранд, кишвар ва мардумро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд. Воқеан, хизмати бузурги таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдорӣ ба даст оварда, пеши роҳи оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, бунёди сулҳи миллиро матраҳ кард, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ваҳдати миллӣ ва эҳёи онро амал сохт, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Дар баробари ин ҳама дастовардҳо, ваҳдати миллӣ падидаи таърихие мебошад, ки ҳама пешравию муваффақиятҳои миллати мо ба он вобаста мебошад. Ваҳдати миллӣ пайвандгари қалбҳо ва арзишмандтарин дастовардест, ки ба он на ҳар миллату халқ мушарраф мегардад. Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигар¬фаҳмии афроди ҷомеа воқеан ҳам, бузургтарин арзишест, ки барои рушду инкишофи кишвари азизамон заминаи устувор гузошт. Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонидаанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон буданд. Хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллӣ мебошанд ва мо бо он кас ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем. Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад! Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак !
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |