21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармоишгарон, корхонаҳои сохтмонӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашии фаъолияти шаҳрсозӣ ҷаласа доир гардид.

179
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармоишгарон, корхонаҳои сохтмонӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашии фаъолияти шаҳрсозӣ ҷаласа доир гардид.Имрӯз дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №203 тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндагони субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, аз ҷумла Фармоишгарон, корхонаҳои сохтмонӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашии фаъолияти шаҳрсозии ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ - машваратӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ҷаласаро оғоз бахшида, қайд намуданд, ки имрӯз дар ҷаласаи мазкур ду масъалаи ҳалталаб, яъне “Танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” ва “Назорати сифати кори сохтмонӣ дар раванди бунёди корҳои сохтмонию васлгарӣ” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ қайд намуданд, ки соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад. Иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 22 июни соли 2023, №1968 қабул гардид ва тибқи талаботи моддаи 47 қонуни мазкур, муқаррароти ин қонун аз санаи 1 сентябри соли 2023 мавриди амал қарор гирифт. Минбаъд иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ба истиснои иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, ба муҳлати номаҳдуди амал дода мешаванд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо, аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва дигарҳо иборат мебошад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст.
Вобаста ба соҳаи сохтмону меъморӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “...бо дарназардошти афзоиш ёфтани аҳолӣ, инчунин, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ роҳбарону мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбута ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Дар ин самт, зарур аст, ки истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин карда шавад”.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳангоми таҳия ва татбиқи Нақшаҳои генералӣ, инчунин лоиҳаи корӣ аз технологияҳои муосир, унсурҳои меъмории милливу замонавӣ васеъ истифода гардида, вобаста ба тарғибу амалӣ намудани санъати миллии меъморӣ зимни бунёди иншооти таъиноташон гуногун, бо риояи талаботҳои меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ корҳо бо маром идома дорад.
Сипас дар асоси таҳлилҳое, ки аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” омода ва пешниҳод гардидааст муовини якуми Раиси Кумита Умарзода Улуғбек оиди ҳолати танзими наргузорӣ дар соҳа маълумоти муфассал дод.
Қайд гардид, ки низоми амалкунандаи нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ меъёрҳои харҷномавии давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии харҷномавӣ, ки барои муайян кардани арзиши харҷномавии сохтмон заруранд, дар бар мегирад.
Вазифаи асосии меъёрҳои харҷномавӣ, муайян кардани миқдори меъёрии захираҳои ҳадди кифоя барои иҷрои як намуди кор мувофиқ ва ҳамчун асос барои гузариши минбаъда ба нишондодҳои арзишӣ мебошад.
Аз соли 2016 инҷониб масъалаҳои нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфт. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1348 ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот оиди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ворид карда шуд.
Дар асоси ин, аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии «Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» таҳия карда шуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта дар танзими низоми нархгузорӣ маълумотҳои таҳлилӣ ба саҳми иштирокчиён расонида шуд.
Дар ҷараёни муҳокимаронии масъалаҳо намояндагони фармоишгарон, пудратчиён ва лоиҳакашон таклифу пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Ҳамзамон, намояндаи мақомоти андоз ҷиҳати танзими масъалаҳои андозбандӣ дар фаъолияти пудратчиён зимни бунёди бинову иншоот ибрози ақида намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа доири масъалаҳои ҳалталаб қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иҷро ба масаъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармоишгарон, корхонаҳои сохтмонӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашии фаъолияти шаҳрсозӣ ҷаласа доир гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво