Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
225
Чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ намуд.
Сипас Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабинии тантанавиро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зимни баромад қайд намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Бо қабули Конститутсия, мардуми Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Дастовардҳои бузурги мо дар даврони истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдор, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа мебошад. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Бо ифтихормандии баланд аз ин рамзҳои давлатӣ, имрӯзҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони Парчам ва Нишони давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Санъати меъморӣ дар ҳама асру замон яке аз ҷабҳаҳои муҳимтарини муаррифгари тамаддун, маърифат ва тафаккури таърихиву ҷамъиятии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Пӯшида нест, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғози Истиқлолияти давлатии мамлакат инҷониб ба ин масъалаи ниҳоят муҳиму назарраси рушди ҷамъият, пешравии бемайлони санъати меъмориву шаҳрсозии дорои таъриху анъанаҳои миллии ҳазорсола аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хосаву эҷодкоронае дода мешавад. Ҳамзамон дар чорабинӣ, мутахассисони ҷавони корхонаву ташкилотҳои зерсохтори Кумита, баромад намуда доири санади Олии ҳуқуқӣ, ҳамчун муқаддасоти давлатӣ суханронӣ намуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |