Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозӣ баргузор гардид![]() ![]() Санаи 31 октябри соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Кумита дар асоси супориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозии Кумита таҳти раисии муовини якуми Раиси Кумита Умарзода Улуғбек Хуҷа бо иштироки аъзоёни Шӯро, мутахассисону меъморони варзида ва роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашӣ баргузор гардид. Дар Шӯрои шаҳрсозии Кумита лоиҳаҳои муфассали банақшагирии минтақаи вобастагардидаи шаҳри Душанбе, лоиҳаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳри Бӯстон, маркази ноҳияи Рӯшон, маркази ноҳияи Санвор, маркази ноҳияи Хуросон ва маркази шаҳри Исфара, ки дар асоси талаботи Нақшаҳои генералии амалкунанда бо назардошти таъмини муҳити мусоид барои зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва истеҳсолӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва мутобиқ намудани муҳити шаҳрҳо ба тамоюли ҷаҳонии рушди фаъолияти шаҳрсозӣ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида аз ҷониби ташкилотҳои лоиҳакашӣ тибқи талаботи моддаҳои 14 ва 15 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |