15 сентябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштирок дар Чемпионати ⅠⅠⅠ байналмилалии сохтмонӣ, ки он 17-20 октябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид

1214
Иштирок дар Чемпионати ⅠⅠⅠ байналмилалии сохтмонӣ, ки  он 17-20 октябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид Рӯзҳои 17-20 октябри соли 2023 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар Чемпионати ⅠⅠⅠ байналмилалии сохтмонӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Гузаронидани чемпионати ⅠⅠⅠ байналмилалии сохтмонӣ тибқи банди 34 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва ҳамкории давлатҳои ИДМ барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Шурои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ аз 6 ноябри соли 2020 тасдиқ шудааст, ба нақша гирифта шудааст.
Мақсади мусобиқа ин таъмини рушди босуръати соҳаи сохтмон ба манфиати мардум, давлат ва соҳибкорӣ буда, мавзӯи асосии мусобиқа ин «Технологияҳои замони нав» мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории давлатҳо ва ширкатҳо дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст.
Мусобиқа бо иштироки роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи федералӣ ва минтақавии Федератсияи Россия, бузургтарин ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ баргузор гардид, инчунин намоиши созмонҳои шарик дар формати нави мултимедиявӣ гузаронида шуд.
Маросими расмии кушодашавии Чемпионати ⅠⅠⅠ байналмилалии сохтмонӣ маркази ЭкспоФорум-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия санаи 17 окябри соли 2023 баргузор гардида, дар он зиёда аз 1500 мутахассисони соҳаи сохтмон аз ширкатҳои Россия ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Чемпионат аз рӯи 25 номинатсияи индивидуалӣ ва даставӣ, аз ҷумла сохтмон, лоиҳакашии объектҳо ва идоракунии лоиҳаи сохтмон гузаронида шуд.
18 октябри соли 2023 дар ҳошияи чемпионат ҷаласаи Кумитаи иҷроияи “Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ва ФАУ “ФЦС” дар мавзӯи “ Танзими техникӣ ва стандартҳо дар кишварҳои “Иттиҳоди давлатҳои мустақил” баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Баъд аз ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон дар кори конференсия дар мавзӯи “ Табодули таҷриба оиди гузаронидани санҷишҳои вибродинамикии биноҳо дар минтақаҳои сейсмикӣ” иштирок намуда, доири ин мавзуъ бо назардошти таҷрибаи минтақа ибрози ақида карданд.
Конгреси 2-юми сохтмонии Авруосиё санаи 19 октябри соли 2023 ва санаи 20 октябри соли 2023 конференсияи байналхалқӣ оиди рушди соҳаи сохтмон дар чаҳорчубаи чемпионати мазкур баргузор гардида дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Санаи 20 октябри соли 2023, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ, Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Россия Файзуллин Ирек Энварович ва Директори асосии иҷроияи Корпоратсияи давлатии нерӯи атомӣ “Росатом”-и Федератсияи Россия Алексей Евгеньевич Лихачёв доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳамкориро дар бахши сохтмон ва дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз рӯйи масъалаҳои табодули таҷриба аз рӯйи татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар бахши сохтмон ва соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла ҳалҳои техникии банақшагирии самаранок, лоиҳакашӣ, истифодабарӣ, инчунин идоракунии ҷорӣ, объектҳои сохтмони асосӣ, хоҷагии шаҳрӣ ва коммуналӣ, табодули таҷриба аз рӯйи масъалаҳои нархгузорӣ ва банақшагирии харҷномавӣ дар сохтмони объектҳои сохтмони асосӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи сохтмони асосӣ, назорати давлатии сохтмонӣ, экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, мусоидат дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорию сохтмонии муштарак, ҳамкорӣ аз рӯйи масъалаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои танзими техникӣ, аз ҷумла, баҳодиҳии мутобиқат дар соҳаи бехатарии саноатӣ, экологӣ, бехатарӣ дар энергетика ва сохтмон, ҳамкорӣ ва табодули таҷриба аз рӯйи масъалаҳои иҷозати ташкилотҳои пудратӣ ба бозори сохтмонӣ, мусоидат ба лоиҳаҳои омӯзишӣ оид ба омодакунии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, мусоидат ба тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон муайян намудааст.
Дар раванди чорабинии мазкур мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо Директор оид ба маблағгузории асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии нерӯи атомӣ “Росатом” - Сахаров Г.С., Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Россия - Файзуллин И.Э., муовини якуми Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Россия- Ломакин А.Н. баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории мутақобил дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозиро баррасӣ намуданд.

Иштирок дар Чемпионати ⅠⅠⅠ байналмилалии сохтмонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво