29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маркази миллии тестӣ: барои довталабон даври асосии имтиҳонот оғоз ёфт

1237
Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ– қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон ҳатмӣ аст, оғоз гардид. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 14 331 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, дар назар аст. Соли равон шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнависшуда 94 ҳазору 905 нафарро ташкил дод.

Мувофиқи ҷадвали муқарраршуда, даври асосии имтиҳонҳо аз 1 то 13 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво