21 сентябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МАТРАҲ ГАРДИДАНД

208
ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА  МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МАТРАҲ ГАРДИДАНД Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо иштироки муовини якум ва муовинони Раиси Кумита, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони муассисаву ташкилотҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, роҳбарон ва кормандони зерташкилотҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нуҳ моҳи соли 2023 ва оид ба низоми иҷозатдиҳӣ дар фаъолияти шаҳрсозӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати сифати иншоотҳои сохташаванда, аз ҷумла иншоотҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо ва назорати амалишавии онҳо, таҳия, мувофиқасозӣ ва такмилдиҳии ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, таҳия намудани лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳри Душанбе, иҷрои корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, зиёд намудани ҳаҷми кор ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Аз ҷониби Раиси Кумита ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои системаи Кумита ва мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, саноатикунонии босуръати кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи баландсифат дар сохтмон, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ, дар фаъолияти корӣ татбиқ намудани таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани низоми электронӣ, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз натиҷаи баргузории маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки барои иҷро ба ҳамаи субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ ирсол карда мешаванд.

ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МАТРАҲ ГАРДИДАНД




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво