Аз 29 сентябр то 1 октябри соли 2023 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар Форуми 2-юми миллии Озарбойҷон оид ба шаҳрсозӣ, ки дар шарҳои Зангилон ва Боку баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар чорабинии зикргардида ҳайати Тоҷикистонро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ҳамроҳи намуд.
Ҳадафи асосии форум ин мусоидат ба табодули таҷриба, баланд бардоштани иқтидор, ҳавасмандкунии ҳамкорӣ ва стратегияҳои рушди устувори шаҳрҳо ба ҳисоб рафта, дар ин чорабинӣ масъалаҳои мубрами шаҳрсозӣ, аз ҷумла мудирияти самаранок ва сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, иртибот миёни тағйирёбии иқлим ва шаҳрсозӣ, корбарии фанновариҳои нав дар ин самт ва аҳамияти шаҳрсозӣ барои рушди устувор муҳокима гардиданд.
30 сентябри соли 2023 дар ҳошияи форум ҷаласаи роҳбарони мақомоти шаҳрсозӣ ва меъморӣ барпо гардид, ки дар он Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи чорабиниҳои Форум, ҷаласаҳои алоҳида дар мавзӯъҳои «Рушди фарогири шаҳр», «Аҳамияти ҳаракати шаҳрӣ дар идоракунии рушди устувори шаҳр», «Шаҳрҳои солим, ҷамоатҳои рушдёбанда: беҳтар кардани сифати зиндагӣ тавассути банақшагирии шаҳр» баргузор гардида дар он масъалаҳои сиёсати манзил ва шаҳрро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, стратегияҳои фарогири рушди шаҳр, дастрасӣ ва баробарӣ дар рушди шаҳрҳо ва равишҳои одилона ба истифодаи замин баррасӣ гардиданд. Дар ин ҷаласаҳо, дар бораи мушкилот ва роҳҳои ҳалли ҳаракати ҳамгирошудаи шаҳрӣ барои шаҳрҳои устувор ва қобили зиндагӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ тавассути тарҳрезии шаҳрсозӣ, инчунин ҳаракати устувор дар сатҳи миллӣ табодули афкор сурат гирифт.
1 октябри соли 2023 дар чаҳорчӯби Форум мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо Раиси Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон Гулиев Анар Адил оғлу баргузор гардид. Ҳамзамон дар вохурӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон низ иштирок намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории мутақобил дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозиро баррасӣ намуданд.