Мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо Раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и назди Президенти Туркманистон Оразов Дерягелди Нурыевич
Санаи 14 сентябри соли 2023 дар доираи чорабиниҳои канории бахшида ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо Раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и назди Президенти Туркманистон Оразов Дерягелди Нурыевич баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмориро баррасӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки 2 ноябри соли 2017 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон Созишнома дар бораи эътирофи дутарафаи иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти сохтмон ба имзо расонида шудааст. Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он таҳия гардидааст. Дар охири сӯҳбат ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ҳамкории судманд дар самти соҳаи меъморӣ ва сохтмон изҳор намуданд.
Баъд аз мулоқот, тибқи барнома, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ва Раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и назди Президенти Туркманистон Оразов Дерягелди Нурыевич аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дидан намуданд.