11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

88
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинии ҷашнӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидзода Фозил Саид, Директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон Самизода Ҳамрохон, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавиро бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ намуда, ташрифи меҳмононро ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуданд.Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сипас Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабинии тантанавиро бо ҷашни бузурги халқи тоҷик, 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зимни баромад қайд намуданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.
Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.
Иброз гардид, ки дар сию ду соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамон гузошта шуда, барои таҳкими он корҳои бузург ба анҷом расонида шуданд ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.
Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд.
Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.
Вале хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид шуда, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.
Ҳарчанд, ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.
Мо имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар он айёми сангину ҳассос роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, зеро он роҳ ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд.
Дастовардҳои бузурги мо дар тӯли 32 соли истиқлолият, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдор, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа мебошад. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Бо ифтихормандии баланд аз ин рамзҳои давлатӣ, имрӯзҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони Парчам ва Нишони давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз мамлакат ба зинаи нави рушд устуворона қадам монда истодааст. Бахусус тамоили рушди саноати мамлакат баръало аён шудааст. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид ва аллакай натиҷаҳои судманд ба даст омадааст.
Асосгузори ҳамаи азнавсозиҳо, меъмор, ташаббускор ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа шуморида, “сохтмончиёнро ҳамчун васлгарони асрҳою наслҳо номидаанд”.
Мувофиқ ба маълумотҳои оморӣ дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузории асосӣ ба бахши сохтмон беш аз 144,5 миллиард сомониро ташкил додааст.
Дар соли 2022 сармоягузорӣ ба воситаҳои асосӣ аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 16,7 миллиард сомониро ташкил дод.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар давраи истиқлолияти давлатӣ 24,7 миллион метри мураббаъ манзил сохта шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда ва беморхонаҳо барои 16,1 ҳазор кат сохта ба истифода дода шуданд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа шарафёб гардад. Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани худ, миллати худ, Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидзода Фозил Саид оиди татбиқи нақшаҳои азими бунёдкорӣ ва дигаргунҳои таърихие, ки бо ташаббус ва роҳбарию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият дар кишвари азизамон амалӣ гаштааст, суханронӣ намуданд.
Инчунин, Директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон Самизода Ҳамрохон ва аз номи ҷавонони Кумита Суфиев Субҳон – сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” баромад намуда аҳли нишастро бо 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти Кумита, барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ, раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон Самизода Ҳамрохон бо “Ифтихорномаи фахрӣ”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Сипас ба як қатор мутахассисони ҷавону болаёқат барои саҳми назаррас дар рушди соҳа Сипосномаи Кумита тақдим гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво