26 сентябр 2023, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РӮЗИ ДОНИШ! Иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Дониш

61
РӮЗИ ДОНИШ! Иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Дониш
Имруз Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Дониш, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. иштирок намуда омузгорон, донишҷуён ва кормандони Донишгоҳро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш муборакбод намуданд.
Дар рафти суханронӣ қайд гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 1 сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва марифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама гувоҳи равшанӣ ғамхориву таваҷҷухи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад, ки дар ин маврид қайд менамоянд: «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла омузгорону устодони муҳтарами Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст. Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки «мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омузгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онхо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».РӮЗИ ДОНИШ! Иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Дониш
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун донишгоҳи базавӣ дар баробари омодасозии кадрҳои муҳандисии дараҷаи бакалавр ва магистр, инчунин дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогии равияҳои мухталифи техника ва технология саҳми босазо дорад. Айни замон, донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.
Дар анҷом, бори дигар иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори Рӯзи дониш ва ҷашни муқаддаси дарпешистода 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, қайд гардид, ки ғояи волои истиқлол, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонанд!
РӮЗИ ДОНИШ! Иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Дониш




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво