Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақша, то охири соли равон ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст. Ин матлабро имрӯз, 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баён доштанд.
Пешвои миллат илова намуданд, ки ҳамзамон дар ҳашт моҳи соли равон 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст.
Бо дахли ин мавзуъ бояд гуфт, ки бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала Ҳукумати мамлакат захираву имконият ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона намуда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё намуда истодааст.
«Раванди афзоиши аҳолӣ моро водор месозад, ки барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имконияти моддии аҳли маориф, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешем»,-иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.