Дар Варзоб сарбозони қисмҳои низомӣ ба сокинон дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак расониданд![]() ![]() Дар ноҳия баҳри дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони тамоми ташкилоту идораҳои дахлдор шомил гардиданд. Тамоми техникаи зарурӣ баҳри тоза намудани роҳу кӯчаҳои селзада аз гил равона шудааст. Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар мавзеъҳои дигари ҳудуди ноҳия таҳти роҳбарии раиси Ситод, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб идома доранд. Ёдовар мешавем, ки 27 август, тахминан соати 14:40 дар натиҷаи бориши шадид дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сел ба амал омад. Бо кумаки таҷҳизоти муҳандисии хадамоти роҳдории IRS қитъаи роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд. Инчунин дар километри 21-ум ва дар ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷалб гардида, роҳи деҳаи Буваки Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ аз гил тоза шуд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |