26 сентябр 2023, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 32 -СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Сурхи Исфара нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳё ба истифода дода шуд

133
БА ИСТИҚБОЛИ 32 -СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Сурхи Исфара нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳё ба истифода дода шудБахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара нуқтаи эҳё ва ҷарроҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара доир ба рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ барои табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Таъкид гардид, ки рӯзҳои наздик чунин иншооти муосири тиббӣ дар дигар ҷамоатҳо низ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар натиҷа барои фаъолияти табибон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бинои табобатӣ бо сифати баланд дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, дорои 8 кати беморӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ таъмин шудааст.

Кормандони соҳа дар бинои замонавӣ ба эҳтиёҷмандони ҷамоат аз рӯи ҳама намуди ҷарроҳӣ ёрии аввалин ва хизмати тиббӣ мерасонанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво