«ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…». Таҳти чунин унвон дар Самарқанд намоиши рассомони тоҷик ифтитоҳ гардид![]() ![]() Намоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шуд. Инчунин дар доираи намоиш намояндагони Иттифоқи эҷодии рассомони Узбекистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳи қадимтарин навъи санъати рассомӣ–«Кундал» -ро ифтитоҳ намуданд. ![]() Меҳмонон бо ҳунари рассомони шинохтаи тоҷик ва шогирдони онҳо, ки дар офаридани санъати кундал шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, шинос шуданд. Дар намоиш асарҳои ниҳоят пурмазмун ва пур аз рамзҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки диққати тамошобинонро бештар ҷалб намуданд. Намоиши мазкур як ҳафта идома меёбад.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |