21 сентябр 2023, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо мардуми ноҳияи Ашт вохӯрӣ намуд

103
Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни сохтмони коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта (дар як шабонарӯз 15 тонна) дар Ҷамоати деҳоти Шодоба шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки иқтидори коргоҳи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, 200 нафар занон ва сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Тазаккур бояд дод, ки ин ду корхонаи азим метавонанд беш аз 600 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин намоянд.

Сипас, мулоқоти ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи дастовардҳои истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ» доир шуд. Таъкид гардид, ки вохӯрии имрӯза дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад.

Дар фарҷом шоирону адибони ноҳия бобати хизматҳои беназири Пешвои миллат аз эҷодиёти худ порчаҳо қироат намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешқадамон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво