22 июн 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 92 корхонаи саноатӣ бунёд мешавад

914
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ дар чор соли оянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Тибқи пешниҳоди раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят соли 2023 дар вилоят ба истифода додани 29 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 374 ҷойи нави кор дар назар аст.

Таъкид бояд намуд, ки дар арафаи ташрифи навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят (9-10 август) дар шаҳру ноҳияҳо 10 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин дар соҳаи саноати дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ дар вилоят 4 корхонаи дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш (коркарди ангат) фаъолият намуда истодаанд. Ҳамзамон дар ҷараёни ташриф аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилоят 23 иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳамчунин дар ҳошияи ин ташриф боз 45 объекти дигар мавриди истифода қарор гирифт.

Барои таъмини талаботи бозори дохилӣ бо сангҳои бинокорӣ ва дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани сангҳои ороишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян анҷом дода шуданд. Дар вилоят 11 корхона дар самти истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ ва сангҳои ороишӣ кор менамоянд.

Тазаккур бояд дод, ки давоми 6 моҳи соли равон 94 корхона ва коргоҳи саноатии вилоят тибқи ҳисоботи оморӣ ба маблағи 93 миллиону 223 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё ба маблағи 4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво