21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад

912
Ба истиқболи сазовори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Аз ин шумора 30 иншоот соли 2020 бо фарогирии беш аз 210 ҷои кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои маорифу тандурустӣ иборат мебошанд.

Ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Муъминобод аз ин ободкориҳо руҳияи тоза гирифта, мақсад доранд тамоми масъулиятро ба хотири дар сатҳи зарурӣ бунёд гардидани иншооти ҷашнӣ равона созанд.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Зафар Мирализода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, «марказҳои савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти сохташаванда буда, дар ин замина барои бунёди якчанд иншооти дигар замина гузошта мешавад. Сохтмони бинои муосири бойгонии байниидоравӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Хуҷаи Нур» идома дорад. Мутобиқи лоиҳа, он аз ду ошёна ва 12 ҳуҷраи мутобиқ ба талаботи сохтори соҳа иборат буда, то 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Бо истифода додани бинои Бойгонии байниидоравӣ мушкили қаблии кормандони соҳаро, ки то ин муддат дар бинои иҷора фаъолият менамуданд, бартараф месозад.

Ҳамин гуна, аз шумораи иншооти сохташаванда дар марказ ва ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия аз ибтидои сол то имрӯз 18-тои он ба истифода дода шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво