22 апрел 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» доир мегардад

332
30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат моҳи сентябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Созмондиҳандагони озмуни мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Соли Румӣ» (ба муносибати 800-солагии Мавлоно аз ҷониби ЮНЕСКО эълон гардида буд), ки 8 сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин иброз намуданд: «шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо — тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем. Дар Ватани азизи мо — Тоҷикистон ӯ маҳбуби қалбҳо ва азизи ҳар хонадон аст ва шоҳкории безаволи ӯ — «Маснавии маънавӣ» ҳамчун баёни Қуръони карим бо забони шаккарини тоҷикӣ шинохта шудааст».

Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд.

Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Хотиррасон мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво