18 июн 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БИЁ СОЗЕМ РОҒУНРО, БА РӮИ ТАХТАПУШТИ ХУД! Ин неругоҳро метавон муҷассамаи корномаҳои беназири Пешвои миллат номид

1073
БИЁ СОЗЕМ РОҒУНРО, БА РӮИ ТАХТАПУШТИ ХУД! Ин неругоҳро метавон муҷассамаи корномаҳои беназири Пешвои миллат номид Шиносоии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни бунёдкориҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки 9-10 августи соли равон, гувоҳи он аст, ки сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо тақдирсоз соате ҳам қатъ наёфта, бо ҳамон дилгармиву ҷӯшу хурӯш, ҳамон муҳаббати баланди ватандӯстона ва фидокориҳои ҷоннисоронаи фарзандони сарзамини аҷдодӣ идома дорад. Сотмоне, ки бо шиори “ё ҳаёт ё мамот!” аз сари нангу номус оғоз гардида буд, ин шиорро ҳанӯз ҳам болои сар дорад ва масъулияти бунёди он заррае кам нагардидааст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз иншооти беназир ва дурахшони даврони мо аст. Чунин баён доштааст эҳсоси ватандӯстона ва пурифтихори хешро дар матлаби “Кохи нури Тоҷикистон” Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Сохтмони «Роғун» ҳанӯз пеш аз даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби яке аз кишварҳои пуриқтидори дунё оғоз гардида буду дур нарафтаву дер напоида, суқут намуд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ аллакай нишоне аз сохтмони ин иншооти гидроэнергитикӣ намонда буду Роғун дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба гӯшаи фаромушӣ рафта буд. Эҳёи бунёдкориҳои навини «Роғун» ба зиммаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, давлате, ки нав аз моҷарои гарони ҷангҳои шаҳрвандӣ бо иқтисодиёти харобу валангор ва хазинаҳои сифри ба тороҷрафта берун баромада буд, афтод ва он бо азму разми ватандӯстонаи Сарвари давлати Тоҷикистон ва халқи бонангу номусаш шуруъ гардид. Ҳама дар ин андеша буданд, ки агар «Роғун» дар замони соҳибдавлатии як давлати пуриқтидор натавонист сохта шавад, оё онро як мамлакати ҷавони нав ба истиқлолият расида бо имконияти бисёр маҳдуду вазъи хароби иқтисодиву молиявӣ метавонад бунёд намояд!?
БИЁ СОЗЕМ РОҒУНРО, БА РӮИ ТАХТАПУШТИ ХУД! Ин неругоҳро метавон муҷассамаи корномаҳои беназири Пешвои миллат номид

«Роғун» вобаста ба таърих, замону макон ва рисолату ҳадафҳояш бунёдкорие маҳсуб мешавад, ки чандин рамзҳои бузургро ифода менамояд.

Аввалан бунёди «Роғун» рамзи бунёди ягонагии миллати мо ва сокинони он аст.

Баъдан, ин сохтмон имтиҳоне аст дар ҷодаи бунёди худ, имтиҳоне, ки гузаштан аз он аз пирӯзии мавҷудияти қавии миллати мо дарак медод.

Дигар ин ки бунёди ин сохтмони азим ҳамчунон имтиҳони иродат, ақлу заковати миллати мо дар аввалин таҷрибаи бунёдкории беназир дар ҷаҳон гардид. Имтиҳони илму дониш, тозакориҳо ва кашфиёти илмӣ дар соҳаҳои мухталиф.

«Роғун» дар рӯшноии чароғони фурӯзони худ на фақат рӯшноии барқ, балки рӯшноии бахту толеъ, рӯшноии хираду фазилат, рӯшноии дилу дидаву ояндаи дурахшони халқи моро таҷассум менамуд.

Албатта, метавон ин рамзҳоро идома дод ва ин худ нишону намои бебаҳси он аст, ки бунёди неругоҳи «Роғун» барои миллати мо то куҷо тақдирсоз аст.

Воқеан бунёди ин неругоҳи азимро, ки сохтмони бешабеҳи замон ном гирифта буд, бе симои дурахшони Президенти Тоҷикистон, бе ҳузури ҳамешагии ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наметавон тасаввур намуд. Банда чунин меандешам, ки бунёди Неругоҳи азими «Роғун»-ро метавон ба таври рамзӣ бунёди муҷассамаи корномаҳои беназири Пешвои миллат номид. Бале, «Роғун» намунаи олии каҳрамонии ин шахсияти ватандӯст аст, зеро маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва бовару эътимоди беназир ба бунёди ин неругоҳи муқтадиру афсонавӣ асос гузоштанд. Мо хуб ёд дорем, ки касе бовар надошт, ки дар он замони гирифториҳову нотавониҳои давлати навбунёд метавон «Роғун»-ро бунёд сохт. Дар ин саф нохайрхоҳони зиёде ҳам буданд, ки барои гирифтани пеши роҳи бунёди ин иншоот ҳама ҳунару амали худро ба кор бурданд.



Онҳо мегуфтанд, имкон надорад, ки ин неругоҳ бунёд шавад, аммо Сарвари давлати мо ба муқобили ин маҷро қомати худро баланд афрохтаву гуфтанд: «Мо Роғунро месозем!».

Бале, Сарвари давлати мо истодагарӣ намуда, пирӯз баромаданд. Ба тамоми олам собит сохтанд, ки қавлу амалаш як аст. Албатта, бо дастгириву ҷоннисориҳои халқи наҷиби тоҷик, сокинони ватандӯсту содиқу заҳматкаши ин сарзамин ин Кохи нур бунёд шуда истодааст. Мо тавонистем ҷаҳонро бо ин ҳақиқати таърихӣ рӯ ба рӯ гузорем, ки халқи бонангу номуси тоҷик бо сарварии Пешвои банангу шуҷои худ номумкинро мумкин гардонда, афсонаро ба ҳақиқат табдил медиҳад.

Пешвои миллати мо дар оғози сиёсати ватандӯстонаи худ, пеш аз ҳама, ҳадафҳои бузурги стратегии давлату ҳукумат, эҳёи мамлакатро гузоштанд, ки яке аз онҳо Истиқлолияти энегетикии Тоҷикистон буд. Президенти Тоҷикистон хуб медонистанд, ки бунёди «Роғун» кори саҳл нест, балки аз назари имконият номумкин менамояд. Аз ин рӯ он кас бо бовару эътимод ба фардо гуфтанд:

«Ин неругоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад!».

Ин нидои Сарвари давлати мо он рӯзҳо воқеан як пора нури раҳнамо дар ҷодаи бунёди «Роғун» гардид, ки рӯ ба мардум, рӯ ба дунё садо дода буд:

«Мо ин иншоотро, ки чун кохи орзуи ҳафтсаду ҳафтод пуштамон аст, дар рӯи тахтапушт бо нохуну дандонамон месозем!».

Ҳақиқат ин аст, ки халқи мо «Роғун»-ро дар болои як пораи хоки Ватан, балки метавон гуфт дар рӯи шонаҳои ҷисму ҷони худ сохтааст. Эҷоди сатрҳое чунин аз ҷониби шоирони мо дар оғози бунёди дубораи «Роғун» дар замони Истиқлолияти давлатӣ беасос набуд:

Биё созем Роғунро,
Ба рӯи тахтапушти худ,
Чу кохи орзуи ҳафсаду ҳафтод
пушти худ!

Биё, созем Роғунро
Зи обу хоки бунёди сиришти худ.
Чу мифтоҳе
Ба нуристони бахту сарнавишти худ!..

Биё, созем Роғунро
Ба рӯи шонаҳои худ,
Чу кохи шаъну шони худ!..

Биё созем Роғунро
Зи хоки эътиқоду эътимоди худ!
Биё, созем аз обу гили худ,
Аз дили худ
Чу кохи доди доди худ,
Чу симои садоди худ!



Сохтмони «Роғун» дар ҷаҳон беназир ва дар шароити кӯҳистон таҷрибаи аввалин аст. Ин худ чунин маъно дорад, ки дар он ҳар қадам ба сӯи навӣ, эҷодкорӣ, шараф, нангу номус ва таҷрибаҳои бешабеҳ гузошта мешавад. Аз ин рӯ асоси ин сохтмон ва тарҳу нақшаҳои он низ аз ҷиҳати илмӣ беназир асту эҷодкорона.

Роҳнамоиҳои Пешвои ватандӯсти миллати мо танҳо дар сухану дастурҳо набуданд, тамоми дунё шоҳиди он гардид, ки чӣ гуна Сарвари давлати Тоҷикистон рустамона дар сари саманди пӯлодин, яъне булдозери пуриқтидор нишаста, ба хавфу хатаре, ки ҳар лаҳза ба ҷонашон таҳдид менамуд, далерона истодагарӣ намуда, тани танҳо пеши маҷрои дарёи бузурги ваҳширо бастанд. Ин корномаи он касро метавон ба он тасвири ҳаким Фирдавсии бузург, ки чӣ гуна Сиёвуш аз байни оташ савори асп бегазанд гузашту бегуноҳии худро собит сохт, шабоҳат дод.

Вақте ки агрегати якуми неругоҳи «Роғун» ба кор даромаду он шом аз дурахши аввали барқи он осмонҳо мунаввар гардид, хурсандии ҳозиринро интиҳо набуд. Тамоми ҷаҳон, дар мисоли намояндагони аксари давлатҳои хориҷӣ, ки дар ин маъракаи расмӣ ҳузур доштанд, бо ваҷд ба чароғҳои дурахшони «Роғун» менигаристанд. Ин пирӯзии навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, пирӯзии навбатии халқи тоҷик, пирӯзии навбатии Пешвои миллати мо буд.

Ва банда, ки дар он ҷо иштирок доштам, бо ифтихор ва ваҷд ин сатрҳоро суруда будам:

Роғун адолат аст!
Роғун асолат аст!
Роғун шаҳодати
Бахту саодат аст!

Афсонае куҷост?
Роғун ҳақиқат аст!
Роғун ҳақиқат аст!!!

Шиносоии навбатии Пешвои миллат, огоҳӣ аз ҷараёни корҳою дастовардҳои навбатии бинокорон, ки 9-10 августи соли равон ба вуқуъ пайваст, чун ҳамеша мояи руҳбаландӣ ва набзу неруи нав гирифтани корҳо дар сохтмон гардид.

Президенти мамлакат ва ҳамсафонашон аз сохтмони коллектори агрегатҳои № 1, 2 ва 3-и бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳо – ин иншооти муҳими неругоҳ боздид ба амал оварданд. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки то имрӯз ҳаҷми умумии бетонхобонӣ ба 11 600 метри мукааб ва нақбҳои кандашуда ба 33 300 метри мукааб расидааст. Корҳои анкергузарӣ ва сементсионӣ дар иншооти неругоҳ бо сифати баланд тибқи лоиҳаи тасдиқшуда ва ҷадвали иҷро ба анҷом расидаанд.

Сарвари давлат дар толори мошинҳо бо ҷараёни корҳои нақбканӣ ва бетонгарӣ дар нақбҳои ҷаббандаи рақамҳои 1, 2, 3 низ шинос шуданд. Дар иншоот корҳои нақбканиву бетонхобонӣ бо дарназардошти лоиҳаи тасдиқгардида ба таври шабонарӯзӣ амалӣ мегарданд.

Хуллас, дар ин сафари Пешвои миллат ва ҳамсафонашон ягон гӯшаи ин сохтмон нодида намонду сарфи назар нагардид, ки аз муносибати ҷиддиву хеле масъули Сарвари давлат нисбат ба ин сохтмон дарак медиҳад. Яъне дар «Роғун» ҳама самтҳо, ҳама гӯшаҳо бо хурдтарин ҷузъиёташон аҳамиятнок мебошанд ва нақши муҳим мебозанд.

Падидор буд, ки мулоқоту суҳбатҳои самимонаи Пешвои миллат бо ҳайати роҳбарони масъули сохтмон ва коргарони одии неругоҳ, қаноатмандӣ аз дастовардҳо, маслиҳату раҳнамоиҳои навашон дар ҷодаҳои минбаъдаи сохтмон ва бунёди «Роғун» як олам дилгармӣ ва болидаруҳӣ ба бунёдкорон мебахшад. Эҳсос мешуд, ки Пешвои миллат дар байни бунёдкорон ва бунёдкорон дар бари Пешвои миллат худро хеле хушбахт ҳис менамоянд. Банда андешидам, ки маҳз ҳамин сифати Пешвои миллати мо, талқини ниятҳои нек, хайрхоҳӣ, инсонпарварӣ ва қадрдонии заҳмати мардум он касро маҳбуби мардум гардонидааст ва ин ягонагии Пешвои миллат бо бунёдкорон ҳамон ягонагиест, ки миллати моро ба пирӯзиҳо раҳнамо хоҳад буд, яъне, ягонагӣ бо миллати худ, бо халқи худ дар партави армонҳо ва мақсадҳои наҷиби миллӣ.

Воқеан, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» танҳо як сохтмони муқаррарӣ нест, балки бо бунёди ин неругоҳи азим мо ба худ бунёди дигар мебахшем. Бунёди «Роғун» бунёди навини тамоми армонҳои миллии мо аст.

РОҒУН, ТУРО МО СОХТЕМ!

Роғун, туро мо сохтем!
Роғун, ту моро сохтӣ!
Бо худ чароғи бахтро афрӯхтӣ, афрохтӣ!

Дасти муҳаббат гар набуд, дар пайкари сангини кӯҳ,
Тандеси Меҳан ҷилвагар чун гашт ин сон бо шукуҳ!?

Дасти садоқат гар набуд, дар қаъри сангини замин
Оё тавон бунёд кард ин шоҳроҳи озарин!?

Бунёди ту афсона аст дар пайкари сарди замин,
Бар халқи некоини мо таърих хонад офарин.

Бингар, ҳақиқатро чи сон з-афсонаҳо бунёд кард,
Банди ҳазоронсоларо бигсаст, то озод кард.

Ҷон дар хатар мардонавор ӯ пеши дарёро бубаст,
Садҳо тилисми роҳро бо дасти худ танҳо шикаст.

Пирӯзии Рустам кунун бо аждаҳо афсона нест,
Симурғи бахти мо дигар дар осмон белона нест.

Болу параш эҳсони мост, файзу фараш аз ҷони мост,
Ишқи Ватан, ишқи Ватан бахти балогардони мост!

Роғун, ту моро сохтӣ, Роғун, туро мо сохтем,
Дар корзорони Ватан ҷону дилу сар бохтем!

Соруҷи бунёдат, Ватан, аз ашку хуни мо бувад,
Неруи беҳамтои ту меҳри фузуни мо бувад!

Роғун туӣ, Роғун манам рӯи кафи нанги замин!
Бунёди асли хеш кард ин миллати нурофарин!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»



АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво