БА ИСТИҚБОЛИ 32 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Маркази саломатӣ ифтитоҳ ёфт![]() ![]() Бунгоҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба истифода дода шуд. Бунгоҳи саломатӣ аз чор шуъба иборат буда, дар он барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, муассисаи тандурустии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидааст. Ба истифода додани Маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки сокинони маҳаллаи мазкур ба ҷои дур нарафта, дар ҷои истиқомати худ бо ёрии аввалини тиббӣ таъмин гарданд. АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |