21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РОҒУН – КОРЗОРИ НАНГУ НОМ! Сарвари давлат аҳли фарҳангро баҳри рўҳбаланд сохтани бунёдгарони иншооти азими аср ҳидоят намуданд

924
РОҒУН – КОРЗОРИ НАНГУ НОМ! Сарвари давлат аҳли фарҳангро баҳри рӯҳбаланд сохтани бунёдгарони иншооти азими аср ҳидоят намуданд Аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун», ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор мекунанд, то имрӯз, аллакай, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли равон дар мулоқот бо бунёдгарони НБО-и Роғун иттилоъ дода шуд.

«Иқтисоди миллии мо ҳар сол дар сатҳи на кам аз 7 фоиз рушд ёфта истодааст, ки боиси афзоиши талаботи солона ба неруи барқ дар ҳаҷми ду – дуюним фоиз мегардад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самаранок ва ҳарчи бештари захираҳои энергетикии мамлакатамон диққати аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем. Маҳз ба ҳамин хотир мо неругоҳи «Роғун»-ро сохтмони аср эълон кардаем»,- иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар мулоқоти мазкур Сарвари давлат дар муҳлатҳои тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ ва ба истифода супоридани агрегатҳои навбатиро таъкид намуда, супориш доданд, ки Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.



«Дар ин раванд, зарур аст, ки ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин, ба хоҷагӣ ва оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҷӯӣ карда шавад»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ дастур доданд, ки корҳои амалиро доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ оид ба фаъолияти бунёдкорони ин иншооти бузурги аср густариш диҳанд.

Дар ин зимн бояд ёдовар шуд, ки 18 августи соли равон ҳайати зиёда аз як саду ҳафтоднафараи устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби занону духтарон ва ҷавонон дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо рафти корҳои сохтмонӣ ва иншоти асосии неругоҳ шинос шуданд. Дар ҷараёни сафар аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 600 нусха китобу адабиёти тозанашр тақдим гардид.

Инчунин барои болидахотирии коргарону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби дастаи ҳунарии «Наврӯз» — и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ пешниҳод шуд.

Ин тадбири роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси руҳбаландии коргарону сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат-НБО «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд.

Ҳамин гуна иқдомро дар пайравӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дигар ташкилоту муассисаҳои мамлакат метавонанд барои ҳайати кормандон амалӣ намуда, бо рафти корҳои сохтмони дар неругоҳ ва шукӯҳу шаҳомоти ин иншооти нодири гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО –и «Роғун» – иншооти бузурги стратегӣ шуруъ гардид.

29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшиданд.

Бояд тазаккур дод, ки НБО –и «Роғун», пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.

Ҳак бар ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло дар як шеъри ба ин иншооти азими аср бахшидааш гуфтааст:

Роғун — сафо, Роғун — вафо, Роғун- бақои мо бувад,
Армони чандинасра, уммеди ниёи мо бувад!

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво