12 ноябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«РОҒУН»- ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ШУКУФОНИ ВАТАН. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода пас аз сафар ба ин сохтмони аср

1040
«РОҒУН»- ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ШУКУФОНИ ВАТАН. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода пас аз сафар ба ин сохтмони асрСафари ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» саҳифаи хотирмон дар таърихи донишгоҳ хоҳад буд. Зеро бори нахуст дар чунин ҳайати бузург мо бо ин иншооти бузурги аср шинос шудем. Чунин нигоштааст дар бардошти мухтасар аз сафар ба НБО-и «Роғун» ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода.

— Дар ин сафар аз раёсати марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон низ чанд нафар моро ҳамроҳӣ менамуданд. Ин тасмим низ бо дастуру мусоидати Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, ки даҳҳо паҳлуҳои мусбатро фаро мегирад. Иқдому анъанаи шоиста аст, ки имрӯзҳо ҷамъиятҳои гуногуни меҳнатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин коргоҳи бузург шинос мешаванд. Мояи ифтихор буд, ки сафари мо баъд аз ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО-и «Роғун» доир шуд, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл онҷо буданд. Пеш аз ҳама, ин сафар дар домани худ садҳо таассурот дошта, тавре маълум гардид, қаҳрамониву диловарии аҳли заҳматкашро аз наздик дидан барои аксарият ҳайратовар низ будааст. Чаро ки ин ин неругоҳ ба тамоми маънӣ беназир аст ва он гувоҳи раднопазиру бузурге дар сиёсати бунёдкоронаву муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бунёдкориву созандагӣ дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми меҳварӣ дорад. Сарвари давлат абармарде мебошанд, ки тамоми ҳастияшонро ба Ватан бахшидаанд. Ҳар чашми бино шоҳид аст, ки имрӯз давлату ватани мо ба чӣ гуна пешрафтҳо ноил гардидааст. Фаъолияту корҳову тасмимҳои Пешвои миллатро метавон ба ду ҷабҳаи бузург ҷудо намуд: ваҳдату сулҳофарӣ ва бунёдкориву созандагӣ.

Дар ҳақиқат он рисолате, ки барои ваҳдату сулҳофарӣ буд, иҷрову амалӣ гардидааст. Давлати мо қатъи назар аз ҳама мушкилоту монеаҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфт ва халқи тоҷик имрӯз дар фазои сулҳу осоиштагиву муттаҳидӣ зиндагӣ дорад, ки ин бузургтарин неъмат аст. Зеро, ин сулҳу ваҳдати бадастомада буд, ки мо истиқлолияти давлатиро ҳифз кардему таҳким бахшидем ва дар ҳошияи он ба созандагиву бунёдкорӣ ноил гардидем. Яъне чун сулҳу ваҳдату ҳамгироӣ пойдор аст, ҳама гуна созандагиҳову бунёдкориҳои дигар имконпазир мегарданд.«РОҒУН»- ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ШУКУФОНИ ВАТАН. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода пас аз сафар ба ин сохтмони аср

Дар ҳақиқат бунёдкориҳову созандагиҳо маҳз бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат барои мо ба даст омадаанд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ қариб 30 ҳазор иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки дар кучактарин деҳаи дурдасти кӯҳистони мо низ ҳатман иншооте бунёду мавриди истифода қарор дода шудааст. Боз ҳам мавриди истиқболу қаноатмандӣ мебошад, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо ҳазор иншоот лоиҳакашӣ гардида, сохтмонашон ба нақша гирифта шудааст. Бошад, ки халқи тоҷик бо таҳкими сулҳу ваҳдату ҳамгироӣ ва заҳматписандиву бунёдкорӣ ба амалигардонии ҳама орзуву ормонҳо ноил гардад.

Дар ин сафар барои мо паҳлуҳои хотирмону ба ваҷдоварданда зиёд буданд. 170 нафаре, ки дар ин ҳайат қарор доштем, ба ду гурӯҳ тақсим гардида, аз мавзеъҳои зиёди сохтмон дидан намудем. Бояд гуфт, ки дар ин ҳайат устодону кормандони ботаҷриба зиёд буданд, ки қисмати муайяни онро занону духтарон ташкил медоданд. Аз роҳбарияту масъулони нерӯгоҳ миннатпазир ҳастем, ки моро хуб қабул намуданд ва аз бисёр воқеият огаҳ намуданд. Барои ҳамаи мо возеҳ гашт, ки ҳар қитъаи ин сохтмон як олами хос мебошад ва ҳар коргару муҳандис тартибу низоми кори худро дораду медонад.

Ҷамъияти меҳнатии НБО-и «Роғун» хеле бузург аст ва имрӯз зиёда аз 14,5 ҳазор нафар дар иншооти мазкур софдилона меҳнат менамоянд. Зиёда аз 3500 техникаву таҷҳизоти замонавӣ дар минтақаҳои гуногуни ин неругоҳ пайи кор қарор доранд. Дар минтақаҳои гуногуни сохтмон намояндагони халқу миллатҳои гуногунро низ дидан мумкин буд, ки якдилона бо бародарони тоҷики худ заҳмат мекашанд. Албатта, дар бораи ҷузъиёти ин сохтмон далелу рақамҳои зиёд вуҷуд доранд, ки ба такрор дар атрофи онҳо таваққуф наменамоем. Шахсан ҳамчун як пажуҳишгари соҳаи иқтисод ҳаминро таъкид менамоям, ки барои кашфу таҳқиқи мантиқу моҳияти пурраи ин сохтмон ҳафтаҳову моҳҳо низ кифоят намекунанд.

НБО-и «Роғун» аҳамияти байналхалқӣ дорад ва боз ҳам сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар бунёди он ягон монеа вуҷуд надорад. Масъалаҳои марбут ба бунёди он аз ташхиси ҳама гуна комиссияҳои сатҳи байналмилалӣ муваффақона гузаштаанд. Бунёди ин неругоҳ барои кишварҳои ҳамсояи мо, махсусан Узбекистону Туркманистон Қазоқистон низ манфиату аҳамият хоҳад дошт. Зеро дар солҳои камобиву хушксолӣ обанбори «Роғун» ҳамчун манбаи захираи об мушкилоти зиёдеро осон намуда метавонад.

Бояд гуфт, ки ояндаи наздик ин неругоҳ имкон дорад, ки неруи барқи арзонро на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор низ интиқол намояд. Паҳлуи муҳими дигар он аст, ки ин неругоҳ манбаи безарари тавлиди энергияи барқ ба шумор меравад.

Пешниҳод ва ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди проблемаҳои глобалии обу пиряхҳо ба ин масъала иртиботи зич дорад. Оқибатҳои ифлосшавии атмосфера (хушксолиҳо, сӯхторҳо, тӯфонҳо, селҳои харобиовар ва ғ.) ба чӣ оварда расонид, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст ва пешниҳодҳои судманди Тоҷикистон барои ҳаёти ҷомеаи башарӣ собит гардидаанд.

НБО-и «Роғун» мантиқан ҳадафи чоруми стратегии мамлакати моро амалӣ менамояд.

Иқтисодиёти давлати мо рушд менамояд ва ҳатман Тоҷикистон ба давлати саноатии минтақа табдил меёбад. Аз ин баъд имкон аст, ки шумораву теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш ёбад. Бунёди ин неругоҳ сабаб мешавад, ки Тоҷикистон ба давлати бузурги содиротӣ табдил ёбад ва шароити иқтисодиро дар ҷумҳурӣ босуръат тағйир диҳад.

Дастовезу туҳфаи мо барои кормандони ин неругоҳ теъдои муайяни китобҳо ва рӯзномаҳову маҷаллаҳо буд. Ҳамзамон Амсамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо барномаи махсуси ҳунарӣ табъи кормандони сохтмонро болида гардонид. НБО-и «Роғун» ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду ҷамъияти бузурги меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Як нуқтаи дигар ин аст, ки агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 19 маротиба ба НБО-и «Роғун» сафар намуда бошанд, дар ин муддат 15 маротиба ба Донишгоҳи миллӣ ташриф овардаанд, ки ин далел фарогири мантиқи махсус мебошад. Суҳбатҳо, муколамаҳо ва баёни нуқтаи назари муҳаққиқону устодони пуртаҷриба бо коргарону масъулини неругоҳ баҳраҳои зиёд доштанд. Хуллас, дар ин сафар муддате руҳия ва фазои хоси маънавӣ шакл пайдо намуд, ки ин мамнунияти ҳар ду ҷониб буд.

Аз ин сафар мо чӣ мехоҳем? НБО-и «Роғун» иншооти аср, меваи истиқлолияту ваҳдат ва намунаи заҳмату нангу номуси халқи тоҷик барои наслҳои имрӯзу минбаъда мебошад. Бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин неругоҳ аз нав оғоз гардид ва он ҳатман пурра ба анҷом мерасад. Бояд халқи тоҷик имрӯзу оянда воқиф бошад, ки НБО-и «Роғун» иншооти беназир аст ва он бо бузургии худ дар радифи бузургтарин неругоҳҳои (НБО) ҷаҳонӣ қарор мегирад. Бунёди ин неругоҳ таҳаввулоти бузурги иқтисодиву саноатӣ дар ҳаёти халқи тоҷик мегардад. Ҳамаи ин нуқтаҳоро устодону муҳаққиқони донишгоҳ дарк мекунанд, нозукиҳои сохтмонро аз наздик диданд ва ҳар нафаре вобаста ба он ҳатман диду назари худро дорад. На танҳо филологу журналист, балки иқтисодчиву таърихнигор, файласуфу сиёсатшинос, экологу биолог, дипломату ҳуқуқшинос, химику математик, геологу физик ва умуман намояндагони ҳама соҳаҳову ихтисосҳо дар атрофи он назари алоҳидаву хоси худро дошта метавонанд.

Набояд фаромӯш кард, ки лоиҳаву нақшаи бунёди ин неругоҳ аз солҳои панҷоҳуми асри гузаштаи замони шӯравӣ вуҷуд дошт, ки бинобар ҳасодату нотавонбиниҳои мухталиф ба таъхир меафтод ва ҳатто дар замони фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ техникаву таҷҳизоту корҳои анҷомёфтаи он барбод рафта буданд. Бинобар ҳамин имрӯз НБО-и «Роғун» ба коргоҳи нангу номус барои миллати тоҷик табдил ёфтааст ва бояд ҳамаи мо нисбат ба ин иншооти тақдирсоз бетафовут набошем. Дар ин самт ҳар фарди зиёӣ, ки дар донишгоҳи азизамон фаъолият дорад, бо мавқеи ватандӯстии худ дар бунёду васфи аҳамияту қимати он ҳиссагузор буда метавонад. Ҳамзамон бояд, ки ҳайати ба ин неругоҳ сафарнамуда хулосаву бардоштҳои худро дар раванди дарсҳо ба шогирдон баён намоянд, ки ин ҷиҳат низ хосияти баланди ватандӯстиву худшиносиро дар бар гирифта метавонад.

Бори дигар аз номи кулли устодону кормандону шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем, ки бо дастурҳои оқилонаашон чунин сафарҳои хотирмон амалӣ мешаванд ва ҳамаи мо аз ин мактаби бузурги бунёдкориву созандагӣ дар НБО-и «Роғун» як олам маъниву таассуроти баланд ҳосил намуда метавонем.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво