ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар Хуҷанд мумфаршкунии кӯчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи «Ваҳдат» оғоз гардид![]()
Дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳи кӯчаи «Интернатсионалист» оғоз шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди 12 500 иншооти таъйиноти гуногун бомаром идома дорад. Соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 230 километр роҳҳо мумфарш, ҳолати 2000 километр роҳҳо беҳтар гардонида шуда, 1200 километр роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд. ![]() ![]() Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 1 километр буда, дар маҷмуъ 90 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва пудратчии корҳо ҶДММ «Суғдроҳсоз» Хуҷанд мебошад. Сокинони кӯча бо ҳашари дастҷамъона дар ду канори роҳ новаҳои обгузар ташкил намуда, хати обу ташноб низ мекашанд. АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |