БА ПЕШВОЗИ 32- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хоруғ Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят ба фаъолият шуруъ намуд
249
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якчанд иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ дар маркази вилоят баъд аз васлу насби таҷҳизоти муосир Корхонаи воҳиди давлатии Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят низ ба кор дароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Баъди танаффуси тӯлонӣ КВД Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят ба кор оғоз намуд. Дар ибтидои солҳои 90-ум матбааҳои вилоят чун дигар корхонаҳои истеҳсолӣ муфлис шуда, фаъолияташро қатъ намуд. Ниҳоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои корхона навсозӣ ва бо дастгоҳҳои муосири чопӣ таъмин гардида, дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар баробари дастрас намудани дастгоҳҳои муосири чопӣ корхона имконият пайдо намуд, ки аз ин ба баъд рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар ин матбаа ба нашр расонад. То ин муддат табъу нашри рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Душанбе амалӣ мешуд. Барои кам кардани хароҷот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муассисаи навтаъсиси истеҳсолӣ дар ин самт муассир арзёбӣ мегардад. Нашри рӯзномаҳо асосан тариқи дастгоҳи «Роланд 200»-и истеҳсоли давлати Олмон амалӣ шуда, ин дастгоҳ бо сармояи қариб 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Ноширон»- и шаҳри Душанбе тариқи шартнома дастраси матбааҳои вилоят гардид. Дастгоҳи мазкур имконият дорад, ки дар баробари чопи рӯзномаву маҷалла инчунин чопи китобҳои калонҳаҷмро ба таври маъмулӣ ва ранга ба нашр расонад. Тавассути дастгоҳи мазкур дар баробари чопи рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ҳамчунин нашри ҳафтаномаи шаҳрию ноҳиявӣ амалӣ мешавад. Дар маросими ба истифода супоридани Матбааи истеҳсолӣ ҳамчунин дастовардҳои соҳаи табъу нашри шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш гузошта шуд. АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |