БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим бинои нозироти андоз ифтитоҳ шуд![]()
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сазовор таҷлил намудани 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим бинои замонавии Нозироти андози ноҳия ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
![]() Ҳайати расмӣ ва меҳмонон бо утоқҳои корӣ ва корҳои анҷомдода шинос шуданд. Ҳамчунин дар назди бинои Нозироти андози ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, иброз шуд, ки рушди босуботи ноҳия аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошим дарак медиҳад. Бинои Нозироти андози ноҳия тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |