26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Мурғоб Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

184
Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар Мурғоб Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргузории барномаҳои фарҳангӣ, идҳои миллӣ, дигар тантанаҳои ҷашнӣ аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Бунёди Боғи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб моҳи майи соли 2023 оғоз ёфта, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳон дар майдони Боғи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 10 600 метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ анҷом ёфта, 1700 бех дарахт шинонида шудааст. Ба масоҳати 800 метри мураббаъ роҳравҳо аз тахтасангҳо ороиш ёфта, барои равшанидиҳӣ чароғакҳои баландпоя насб гардидаанд.

Барои гузаронидани чорабиниҳо саҳна, дар масоҳати 150 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, дар масоҳати 150 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ барои бозии баскетбол ва волейбол сохта шуда, қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва ба миқдори муайян курсии берунӣ гузошта шуда, бо масоҳати 1100 метри мураббаъ атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.

Дар Боғи 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани худшиносии сокинони ноҳияи Мурғоб ва фароғати сайёҳон портретҳои адибони тоҷик гузошта шуда, ҳамзамон расмҳои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ ва таҷҳизот барои бозиҳои варзишӣ ва ҳайкалчаҳои ҳайвоноти сунъӣ гузошта шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво