21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Кормандони тибби ноҳияи Тоҷикобод сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро баланд мебардоранд

167
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддин Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Кормандони тибби ноҳияи Тоҷикобод сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро баланд мебардоранд
Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Рамазонзода кормандони соҳаи тибро бо иди касбӣ, ки ҳамасола 18 август гузаронида мешавад, табрик намуда, иброз дошт, ки ин ид бо мавлуди олими номвари тоҷик, алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат менамояд, алоқамандӣ дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандоне ба воя расонидааст, ки осори онҳо то имрӯз аҳамияти худро гум нанамуда, барои башарият ҳамчун роҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар ноҳияи Тоҷикобод таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани гирифтории одамон ба бемориҳои гуногун сари вақт ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Бунёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмиру тармими биноҳои амалкунанда, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин намудани муассисаҳо, бахусус дар деҳот аз вазифаҳои асосии роҳбарияти ноҳия маҳсуб шуда, он маҳз дар заминаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат пайваста амалӣ мегардад.

Зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бунёди иншооти замонавии соҳа ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештари аҳолиро ба хизматрасонии баландихтисос ва махсус боз ҳам беҳтар менамояд.

Изҳори боварӣ шуд, ки кормандони тибби ноҳия минбаъд низ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро тақвият бахшида, баҳри сиҳатии ҳар сокини диёр ва рушди ҷомеаи солим хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Дар анҷоми ҳамоиши тантанавӣ кормандон ва собиқадорони соҳаи тибби ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво